Дар бораи ин сомона

Сомонаи www.mozilla.org зиёда аз бист сол боз дар фазои Интернет фаъол аст. Яъне, аз замони давраи динозаврҳо, агар аз лаҳзаҳои нахустини рушди Интернет ҳисоб кунем. Аз ҳамин ҷост, ки www.mozilla.org яке аз пояҳои асосии Интернет маҳсуб меёбад, ки реша дар ҳаракати рамзи манбаи кушода дошта, шоҳиди таъсиси «Mozilla» мебошад.

Имрӯз, сомонаи www.mozilla.org ҷойест, ки одамон барои боргирӣ ва насб кардани браузери маъруфи «Firefox», санҷидани хидмати «Mozilla VPN» ва шиносоӣ бо таърих ва мақсадҳои «Mozilla» ба он муроҷиат мекунанд. Дар баробари ин, мумкин аст, ки ҳангоми сайругашт якчанд сирру кашфиёти пинҳонӣ низ ба чашматон мерасанд!

Ин сомона ба мисли бисёре аз маҳсулоти мо, низ дар манбаи кушод асос меёбад:

Лоиҳаҳои истифодашуда

Баъзе лоиҳаҳо бо манбаи кушод, ки барои барномарезии ин сомона истифода мешаванд:

  • «Django» ҳамчун сохтори дохилии сомона ва истифодаи «Jinja» барои қолабсозӣ.
  • Низоми тарроҳии «Protocol» аз ҷониби «Mozilla» барои унсурҳои интерфейс ва тамғаҳои молӣ.
  • Низоми маҳаллисозии «Fluent» аз ҷониби «Mozilla» барои тарҷума кардани барномаҳо ба забонҳои дигар.
  • Бисёр китобхонаҳо ва сохторҳои хурди дигар, ки шумо метавонед онҳоро дар феҳристи «GitHub» пайдо намоед.

Мо ба ҳамаи саҳмгузорони «Mozilla», ки барои беҳтар кардани Интернет кумак мерасонанд, изҳори сипос мекунем.